Search here:

ДАР БОРАИ “FLO”

Саҳифаи асосӣ > ДАР БОРАИ “FLO”

ДАР БОРАИ “FLO”

“FLO Retailing”, таҳкурсияш, ки дар устохонаи хурд, соли 1960 аз ҷониби Аҳмет Зийлан гузошта шуда буд, дар бозори пойафзоли Туркия худро ҳамчун ширкати пешсафи эътирофнопазир муаррифӣ намудааст. “FLO Retailing”, ки беш аз 7000 нафар шахсонро бевосита ва қариб 30000 нафарро бавосита бо ҷойҳои корӣ таъмин менамояд, дар як сол 45 миллион ҷуфт пойафзол мефурӯшад.

Бо расидан ба ҳар як нуқта дар Туркия ба воситаи мағозаҳо, “FLO Retailing” ба зиёда аз 377 мағозаҳои маҳаллӣ ва ба зиёда аз 50 мағозаҳои давлатҳои наздики хориҷа бо бренди “FLO” хизмат мерасонад. Айни замон, нуқтаҳои савдои чаканаи “Варзиш дар кӯча” бо ғояҳои сершумори брендҳои сникер имрӯз дар Туркия ба 73 мағоза расидааст. “FLO Retailing” дар Туркия ва давлатҳои хориҷаи наздик зиёда аз 500 мағоза дорад.

Дар айни ҳол, ширкат ба 66 адад мағозаҳо дар Озарбойҷон, Албания, Эрон, Арабистони Саудӣ, Косово, Иордания, Қазоқистон, Кипр, Қирғизистон, Либия, Тоҷикистон, Ироқ ва Гурҷистон хизмат мерасонад.

Илова ба брендҳои фуруши чакана дар ташкилоти “FLO Retailing”, инчунин брендҳои пешсафи пойафзолҳо ба монанди “Kinetix”, “Polaris”, “Lumberjack”, “Butigo”, “Dockers by Gerli”, мебошанд, ки ҳам дар мағозаҳои фуруши чакана ва ҳам яклухт фурӯхта мешаванд.

Рушд дар хориҷа

“FLO Retailing”, ки мағозаи аввалини худро бо ғояи “FLO” дар хориҷа соли 2015 кушода буд, ҳоло дар Озарбойҷон, Албания, Эрон, Арабистони Саудӣ, Косово, Иордания, Қазоқистон, Ироқ ва Гурҷистон ба зиёда аз 50 мағоза хизмат мерасонад. Таҳқиқотҳо барои васеъ кардани мағозаҳои “FLO” дар саросари ҷаҳон бо суръати баланд давом дода истодаанд ва ширкат мақсад дорад, ки то охири соли 2017 дар 15 мамлакати ҷаҳон шумораи мағозаҳоро ба 100 адад расонад.

“FLO Retailing”, ки ба ташкилоти худ соли 2012 бренди пойафзоли итолиёвии “Lumberjack”-ро бо ҳадафи дар Аврупо рушд ёфтан дохил намуд, баъдтар соли 2016 бузургтарин мағозаи фурӯши чаканаи олмонӣ “Reno”-ро, бо ҳамроҳи ширкати “Capiton AG”, ки яке аз ширкатҳои асосии фондҳои инвеститсионӣ дар Аврупо мебошад, ба даст овард ва овози худро дар бозори Аврупо низ шунавонид.

“FLO Retailing”, ки ба Покистон, Македония, Оман, Эрон, Туркманистон ва Булғористон брендҳои пойафзолро дар доираи ташкилоти худ содирот мекунад, инчунин дар заводи ягонаи худ, ки онро соҳибӣ мекунад, дар як шабонарӯз 120 ҳазор ҷуфт тагчарми пойафзол истеҳсол мекунад ва ба кишварҳои сершумор ба монанди Фаронса, Италия, Португалия, Русия, Украина, Руминия, Булғористон, Иордания, Фаластин, Миср, Алҷазоир ва Марокко содирот менамояд, инчунин талаботҳои бозори Туркияро қонеъ мегардонад.

Сармоягузорӣ дар соҳаи мазкур

Ҳамчун ширкати пешсаф дар соҳаи истеҳсоли пойафзол дар Туркия, “FLO Retailing” дар соҳаи истеҳсоли пойафзоли туркӣ бо биниши навоварона амал менамояд, инчунин бо бурдани соҳа ба сатҳҳои баланд дар лигаи истеҳсолии ҷаҳон. Бо ҳамин мақсад соли 2012, “FLO Retailing” бо маблағгузорӣ дар ҳаҷми 10 миллион лираи туркӣ заводи пойафзолбарории “Şanlıurfa”-ро таъсис дод ва ҳадаф дорад, ки дар минтақа пойгоҳи пойафзолбарорие бунёд намояд, ки барои сармоягузорӣ дар ҳаҷми 50 миллион лираи туркӣ пешбинӣ шудааст. Дар завод 2 миллиону 200 ҳазор ҷуфт пойафзол ҳамасола истеҳсол карда мешавад ва қариб ба 1000 нафар шахсон кор пешниҳод карда мешавад. Дар дурнамои дарозмуддат, ҳадаф гузошта шудааст, ки истеҳсолоти ҳарсола ба 9 миллион ҷуфт пойазол бардошта шавад ва инчунин тақрибан ба 5-6 ҳазор нафар одамон имкониятҳои нави корӣ пешниҳод карда шаванд.

“FLO Retailing”, инчунин бо ҷалби диққат ба воситаи сармоягузориҳое, ки ӯ ба инсон ва устуворӣ равона кардааст, соли 2015 Лабораторияи сифатии худро ташкил намуд. Лабораторияе, ки ҳоло дорои иқтидори гузаронидани 132 ҳазор санҷишҳои экологӣ ва 6.00 (?) санҷишҳои физикӣ дар як сол мебошад, моҳи апрели соли 2016 дорои шаҳодатномаи аккредитатсионии “TURKAK ACCREDITATION” гардид. Имрӯз, ҳар як намунаҳои пойафзоли ба мағозаҳои “FLO” воридшаванда, санҷишҳои бехатарии маҳсулотро мегузаранд.

Бо гузоштани имзо таҳти ҳамкории бузург, бо муттаҳид кардани қувваҳо бо “Gözde Girişim Sermayesi Yatırım Ortaklığı A.Ş.”, “BİM” ва “Mater Footwear BV” моҳи ноябри соли 2013, “FLO Retailing” бо мақсади яке аз 10 брендҳои ҷаҳонӣ шудан, ки аз Туркия соли 2023 мебароянд, фаъолият ва сармоягузории худро бидуни таваққуф идома карда истодааст.